Пешгирии зӯроварӣ дар муносибатҳои оилавӣ
04 феврали 2022, ҷумъа
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилони мақоми олии қонунбарор, вакилони халқи ноҳияҳои ш. Душанбе, намояндагони вазорату идораҳои масъули давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва зерсохторҳои он дар шаҳри Душанбе, намояндагони ВАО дар мавзуи" Баланд бардоштани огоҳӣ ва ҳассосияти ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ дар раванди таҳияи қонунгузорӣ ва муқаррарот оид ба баробарии гендерӣ ва вокуниш ба зӯроварӣ" ҳамоиши иттилоотӣ-таҳлилӣ баргузор намуд.
Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон зимни ифтитоҳи ҷорабинӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъалаи баррасишаванда ибрози андеша намуд.
Сипас Раиси комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода роҷеъ ба " Мафҳум ва мазмуни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила" , " Муқоисаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ" ва мушовири раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ дар мавзуи "Ҳамкории байниидоравӣ ҳамчун асоси маҷмуи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар муносибатҳои оилавӣ: вазъ, ҳолат ва дурнамо" , "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030" санади дурнамои кишвар дар самти тақвияти ҳуқуқҳои занон" баромад намуданд.
Таъкид гардид, ки мақсади таъмини стратегияи тарафайн дар самти иҷрои" Барномаи давлати пешгирии зӯроварӣ дар оила дар барои солҳои 2014-2023" таъмини татбиқи самараноки механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила бо иштироки ҳамаи субъектҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа, қатъиян беҳтар гардонидани системаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи меъёрҳои конститутсионӣ, таъмини пойдории оилаҳо , пешгирии зӯроварӣ дар онҳо нигаронида шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва иқдом намудан дар роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунеявӣ ва ҳуқуқбунёд кушишҳои худро барои пешбарии рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳо тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати пайгирона, аз ҷумла дар самти сиёсати гендерӣ мунтазам тақвият мебахшад.
Дар фарҷоми ҳамоиш миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.