Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Н. РАШТ: АЁДАТИ ЗАНИ ФАЪОЛ, СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ- ДАВЛАТПОЧО МИРЗОЕВА ВА ҶАВОНОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД

10 феврали 2022, панҷшанбе

Имрӯз дар доираи сафари кории гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои минтақаи Рашт,  аъзоёни гуруҳи корӣ Нигора Ғаффорзода- муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дилноза Аҳмадзода- муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва  барои аёдат ба хонаи собиқадори меҳнат, зани фаъол, собиқ муовини раиси ноҳияи Рашт- Давлатпочо Мирзоева ва ҷавони имконияташ маҳдуд- Моҳрухсор Каримова ташриф оварда, аз ҳолу зиндагӣ бохабар гардиданд. Зимни аёдат роҳбарияти кумитаҳои давлатӣ вобаста ба дастгириву пуштибонӣ ва таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати собиқадорони меҳнат, шахсиятҳои хизматнишондода, занону ҷавонон, шахсони имконияташон маҳдуд ва аз оилаҳои ниёзманд зикр намуда, ҳамеша зери парасторӣ ва ғамхориву пуштибонӣ будани эшонро таъкид намуданд.

Поделиться в