Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Саҳми занон дар рушди илм

18 феврали 2022, ҷумъа
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии "Саҳми занон дар рушди илм" баргузор гардид.
Кумитаи кор бо занон ва оила низ дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм соли нуҳум аст, ки конференсияи ҷумҳуриявии "Саҳми занон дар рушди илм"-ро ба хотири ҷалби бештари занону бонувон ба пажӯҳиши илмӣ, саҳми назарраси онҳо дар рушди илми муосир, муаррифии фаъолияти илмии занону бонувони кишвар доир менамояд.
Дар кори конференсия докторони илм Марҳабо Ҷабборӣ, Хидирзода Махфират, Маҳмадҷонова Муҳиба, Гулназарзода Жило, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Гулчеҳра, олимону пажӯҳишгарон, аспирантону магистрон ширкат доштанд.
Конференсияро номзади илмҳои таърих, муаррих Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ифтитоҳ бахшида муаррифии маърӯзаҳои илмиии олимаҳои тоҷик анҷомбахши мантиқии кори конференсия буд.
 
 
Возможно, это изображение (1 человек и стоит)
 
 
 
 
 
 
 
Возможно, это изображение (7 человек, люди стоят и в помещении)
 
 
 
 

Поделиться в