Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Аёдати модарон аз вазъи хизматии афсарон

20 феврали 2022, якшанбе
Фаъолзанони маҳаллаҳо ва хонандагони макотиби шаҳр дар комендатураи ҳарбии вилояти Суғд аз вазъи хизмати аскарон ошноӣ пайдо намуданд.
Фаъолзанони маҳаллаҳо ва хонандагон бо вазъи зиндагонӣ, хўрду хўрок, хизмати наваскарон аз наздик шинос шуда, аз шароити муҳайёнамуда қаноатманд гардиданд. Дар мизи аскарӣ нишастӣ хўроки эшонро низ чашиданд.
Хонандагони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд ҳамзамон аз тарзи истифодаи яроқу василаи ҷангӣ бо кӯмаки афсарон бархӯрдор шуданд.
Сарбозони қисми ҳарбӣ аз вазъи хизмати ҳарбӣ ба хонандагон маълумот дода, таъкид доштанд, ки дар қисми низомӣ сарбаландона хизмат намуда истодаанд. Имрӯз дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Аз ҷавонон даъват ба амал оварда мешавад, ки қарзи шаҳрвандии худро ба василаи хизмат ба Қувваҳои мусаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намоянд.
 
 
Возможно, это изображение (7 человек и люди стоят)
 
 
 
 
Возможно, это изображение (4 человека и люди стоят)
 

Поделиться в