Таҷлили рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 феврали 2022, сешанбе
Нимаи аввали имрӯз дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 29-уми солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии дидори "Модар" ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳтарам Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон иштирок васуханронӣ намуда, ба кулли афсарону сарбозон ва курсантони донишкада 29 - умин солгарди таъсисёбии рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо дар ҷодаи ҳимояи марзу буми кишвар, амнияту оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол барору комёбиҳо, муввафақият ва дар адои хизмати пурмасъулашон комёбиҳоро тамано намуданд.
Дар рафти чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо медали ҷашнии 25 солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
Илова бар ин, дар мулоқоти мазкур муовинон, комиссар, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони маҳаллаҳо ва падару модарони сарбозону афсарон иштирок доштанд.
Дар фарҷоми суханронӣ ба як қаттор афсарону сарбозон сипосномаи Раиси ноҳия тақдим карда шуд.
Сипас барои болидорухии сарбозону афсарон чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ, варзишӣ ва дастархони идона ташкил ва баргузор карда шуд.