Мо модарон ба аёдати фарзандон- сарбозони Ватан меравем
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Модар аксияи модаронро таҳти унвони "Мо модарон ба аёдати фарзандон - сарбозони Ватан меравем" ташкил намуда, бо иштироки собиқадорону фаъолзанон ба аёдати сарбозону афсарони қисми ҳарбии 6593- и Сарраёсати ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳри Норак рафта, ба онҳо маҳсулотҳои нониву қаннодӣ, мева ва дигар анвои хӯрдани дастрас намуданд.