Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамоиши занон оид ба пешгирии бемории сироятии каронавирус

16 апрели 2020, панҷшанбе

 

Рӯзи 15 апрели соли равон дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз пандемияи сирояти бемории каронавирус COVID-19 хониши идоравӣ бо иштироки намояндаи Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Авезов Абдуқодир Султонович баргузор гардид. Дар рафти муҳокима намояндаи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи сироятёбии каронавирус дар сартосари ҷаҳон маълумоти муфассал дода, қайд карданд, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ барои пешгирии интиқоли он тадбирҳои заруриро андешида истодаанд. Бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим ҳар яки мо муваззафем, ки дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳию профелактикиро пурзӯр  намуда, варақаҳои иттилоотиро байни аҳолӣ таксим намоем. Шаҳрвандонро барои  истеъмоли ғизои солим, захираи бештари маҳлулҳои хлордору антисептикӣ, духтани ниқобҳо даъват намоем.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ вобаста ба масъалаи болозикр корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ пурзӯр менамояд.

Поделиться в