Озмуни "Кани духтарҳо?"
01 марти 2022, сешанбе
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучанд дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар гимназияb рақами 4 шаҳри Хуҷанд озмуни "Кани духтарҳо?" баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин иқдом тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастию хештаншиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллии ниёгон, омода намудани онҳо ба рузғордорӣ ва ҳаёти оилавӣ мебошад. Озмун аз рӯйи шартҳои омодани намудани таомҳои миллӣ, реза кардани сабзӣ, бурдани угро, бастани самбӯсаву тушбера, хуришу кулчақанд, бофтани мӯй ва намоиши либосҳои миллӣ сурат гирифта, иштирокчиён бо маҳорати баланд аз ӯҳдаи иҷрои тамоми шартҳо бо сарбаландӣ ва омодагии пурра баромаданд.
Барномаи фарҳангии ҷолиб, ба монанди қироат шеъру гуфторҳо дар васфи зан-модар, қироати шеъру суруд ва намоиши либосу саҳначаҳои ҷолиб аз ҷониби хонандагон ба чорабинӣ шукӯҳи хоса зам намуд.
Дар чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳорӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Матлуба Муинова, котиби масъули Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Умарова Гавҳар ва фаъолзанони маҳаллаи Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби аъзоёни ҳакамон озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.