Ҷаласаи сайёр
01 марти 2022, сешанбе
Дар асоси накшаи чорабинихои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Тоҷикистон бо максади тахлили фаъолияти раёсат ва шуъбаи бахшхои кор бо занон ва оилаи МИХД, таквияти корхои созандагию ободкори, баланд бардоштани масъулияти шахрвандии занону бонувон дар масъалаи таълиму тарбияи фарзанд, тарбияи хисси зебоипарасти ва ватандусти дар ниходи чавонон, пешгирии омилхои номатлуби чомеа аз кабили нашъаманди, нашъачаллоби, даст задан ба чинояту чинояткори, шомилшави ба хизбу харакатхои ифротгаро чаласаи сайёр доир гардида истодаанд.
Бо ин максад имруз дар шаҳри Вахдат бо иштироки муовини Сарвазири Чумхурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Тоҷикистон Курбонзода Хилолби Чумъахон бо чалби намояндагони сохторхои махаллии Суди Оли, Прокуратураи генерали, вазоратхои адлия, корхои дохили, маориф ва илм, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, кумитахои кор бо чавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва чашну маросим, хамзамон, раисон ва котибони чамоатхои шахраку дехот чаласаи сайёр баргузор гардид.