Зан маҳфилорои дил аст.
07 марти 2022, душанбе
Зан маҳфилорои дил аст.
Зан иффатӣ аҳли башар,
Зан махзани илму ҳунар,
Зан такягоҳи маърифат,
Зан масдари садҳо сифат.
Зан зинату зеби замин,
Чун сабзагоҳи махмалин.
Моҳу ситора дар фазо,
Хуршеди тобон дар само.
Кабки хиромони даман,
Тӯтии гӯёи чаман.
Дар нағмаи мурғи баҳор,
Оҳангу шуру мусиқор.
Атри гулу нури ҷабин,
Гулбаргҳои ёсамин.
Беҳ аз малакҳо ҳам зан аст,
Авҷи фалакҳо ҳам зан аст,
Оҳанги дарё ҳам зан аст,
Мақсуди дилҳо ҳам зан аст,
Сад арши боло ҳам зан аст,
Сад лавҳи мино ҳам зан аст,
Шир-шири борон ҳам зан аст,
Мавҷи Зарафшон ҳам зан аст.
Тобу суботи зиндагӣ,
Вобастаи дасти зан аст.
Умре тапиданҳои дил,
Аз зеби рухсори зан аст.
З-он ҳастии рӯи зан аст.
Зан маҳфилорои дил аст,
Зан пуштбони манзил аст.
То ҳаст дар рӯи ҷаҳон,
Гулҷуш мисли арғувон,
Сидқу вафо, нуру сафо,
Аз меҳру армони зан аст.
АЗИМОВА МАХБУБА