Саҳми занон дар рушди илм
Бахшида ба "Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм" ва Рӯзи илм санаи 14 апрели аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаморӣ бо Академияи миллии илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи олимону зиёиён конфренсияи "Саҳми занон дар рушди илм" дар толори Академияи миллии илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Таҳлили ҳамасолаи мақолаҳои илмӣ нишон дод, ки олимаҳои тоҷик пайваста барои такмил додани сатҳу савияи дониш ва пажўҳиши илмии худ бо истифода аз техника, технология ва воситаву абзори пешқадами таҳқиқоти илмӣ кӯшиш намуда, тамоми нерӯи худро барои афзудани обрӯву эътибори илми тоҷик, фарҳанг ва маънавиёт, таблиғи ҷаҳонбинии васеъ мубориза бо таассубу кӯҳнапарастӣ, ифротгароиву мафкураи иртиҷоӣ равона менамоянд.
Дар фарҷоми чорабинии мазур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3 нафар олимаҳои ҷавон, аз ҷумла, Мамадшоева С.С., Алиева Ш.Р., Азизбекова А.Р. бо Ифтихорнома ва барои татбиқи сиёсати гендерӣ ва ҳамкориҳои судмандАкадемияи милии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.