"Бизнес-аксалератор барои занҳо, духтарон ва ҷавонон
12 марти 2022, шанбе
Мизи мудаввар оиди муаррифии лоиҳаи "Бизнес-аксалератор барои занҳо, духтарон ва ҷавонон" баҳри кумак расонидан ба занони соҳибкор ва ҷавонон барои такмили бизнес-лоиҳаҳои инноватсионӣ ва стартаперҳо равона гардидааст.
Мақсади татбиқи лоиҳа-рушди тиҷорат ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, тавассути болоравии рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани даромад ва сатҳи шуғли аҳолӣ, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва худтаъминкунии аҳолӣ мебошад.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Умедворам, бо татбиқи лоиҳаи мазкур сафи соҳибкорзанҳо зиёд гардида, фаъолияти онҳо васеъ, тиҷораташон рушд, саводнокии молиявиашон баланд, дастрас ба маблағгузорӣ ва сармоягузориҳо саҳл ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам мегарданд.