Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафи ҳизбиён зиёд гардид

22 апрели 2020, чоршанбе

Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Оила”- и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба интихоби Раёсат, Раис, муовин, котиб ва аъзои нави ташкилоти мазкур баргузор гардид.

Ба аъзогии Раёсати ташкилоти ибтидоии “Оила” бо овоздиҳии умумӣ номзадии панҷ нафар аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Оила” пешбарӣ гардида, Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон – Раиси ташкилоти ибтидоии “Оила”, Абдулмаинзода Заррина -   муовини  Раиси Кумита – муовини Раис ва Салимзода Фирӯза котиби ташкилоти ибтидоии “Оила” интихоб карда шуданд.

Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Оила  дар интихоби кори худ кадрҳои ҷавону болаёқати дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аъзогии ҲХДТ қабул карда, дар фазои тантана шаҳодатномаҳои узви ҳизбӣ супорида шуданд.

Поделиться в