Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Озмуни "Кадбонуи беҳтарин"

18 марти 2022, ҷумъа

     

   Дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид. Дар ин озмун муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарифзода Наргис, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аминзода Манижабону, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Дар фарҷом ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

 

  

 

 

 

Поделиться в