Идомаи ҷаласаҳои сайёр
18 марти 2022, ҷумъа
Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои номатлуб, аз қабили пошхӯрии оилаҳо, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо ҷалби намояндагони мақомоти марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, раисон ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Варзоб ҷаласаи сайёр баргузор гардид.
Баргузории ҷаласаҳои сайёр дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома доранд.