Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Тренинги омӯзишӣ

18 марти 2022, ҷумъа

   

Ҷиҳати амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №167 тасдиқ гардидааст, бо мақсади баланд бардоштани иқтидор ва малакаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар баррасии парвандаҳои марбут ба пешгирии зӯроварӣ барои кормандони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, нозирони минтақавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.
Ин иқдом аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташаббуси "Нури рӯшноӣ" дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон” роҳандозӣ гардида, дар кори он кормандони дастгоҳи марказии Кумита, кормандони шуъбаҳо ва нозирони минтақавӣ оид ба пешгирии зӯроварии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш иштирок намуданд.
Дар тренинги мазкур масъалаи дида баромада шудани парвандаҳо оид ба пешгирии зўроварӣ, таҳлилҳои дуҷонибаи тарафҳо мавриди ба зўроварӣ дучор гардидани онҳо ва сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вобаста ба мавзўъ миёни иштирокдорони тренинг мубодилаи афкор суръат гирифта, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти баррасии парвандаҳои марбут ба пешгирии зўроварӣ баён карда шуданд.
 
Возможно, это изображение (5 человек, люди сидят и люди стоят)
 
Возможно, это изображение (7 человек, люди сидят и люди стоят)

Поделиться в