Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҳфили идона таҳти унвони "Хуш омадӣ Наврӯз"!

19 марти 2022, шанбе

      Бо мақсади истиқболи сазвори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мухтарам Эмомали Раҳмон баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷалби занону духтарон ба ҳунаромузӣ, омода намудани духтарон ба рузғордорӣ бо иштироки занону бонувони маҳаллаи "Навбаҳорӣ"-и шаҳри Хуҷанд маҳфили идона баргузор гардид , ки ба дили сокинон сурур ва шодмониҳо бахшид.

Таъкид гардид, ки аҷдоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштаанд ва барои пойдории он талош варзидаанд. Русуму ойинҳои зиндагисози ин ҷашн дар заминаи тамаддуни қадимаи моддиву маънавии мардуми мо инкишоф ёфта, бо мурури замон ба одобу суннатҳои мардумиву фарҳангии халқу миллатҳои гуногуни сайёра роҳ ёфта, аҳли башарро ба сӯи арзишҳои олӣ, камолоти ахлоқӣ ва маънавӣ ҳидоят намудааст. Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим Наврӯзро бо маросимҳои густурда ҷашн гирифта, дар он беҳтарин ҳунару истеъдод ва хислатҳои неки инсониро ба намоиш мегузоштанд.
Воқеан, мо иҷрои суннатҳои наврӯзиро ҳамчун ёдоварӣ аз фарҳанги пурғановати худ ва расму ойини зебои аҷдодиамон, ки рӯҳи поку созанда дорад, бо самимият ҷашн мегирем.
Дар шабу рӯзҳои ҷашни Наврӯз суннати аёдати хешу табор ва аз аҳволи эҳтиёҷмандон бохабар шуда, Наврӯзу баҳорро табрик намудан дар фарҳанги мардуми мо ҷойгоҳи муҳим дорад.
Дар чорабинӣ намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Хучанд Зайнура Шарипова ва Мунира Бобоева иштирок ва баромад намудаанд.
Возможно, это изображение (3 человека, люди сидят и в помещении)
 
 
Возможно, это изображение (2 человека, люди сидят и в помещении)

Поделиться в