Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Илоҷи воқеа...

23 апрели 2020, панҷшанбе

Ҷиҳати андешидани тадбирҳои бетаъхиру самаранок ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳисоби муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳо ва фаъолони ноҳия 25 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар маҳаллаҳои Варзоб-ГЕС, Сабзазор, Чашмасор, Проектний, Амиршоев, Заргар, Умари Хайём, Сари Осиё, Холов, Телман, Заҳматобод, Азизбеков, инчунин муассисаҳои таълимии №11, 6, литсей барои бачагони болаёқати №3, муассисаҳои томактабии №8, 5, 121 оид ба ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, таъмири хонаю дар, тозаву озода намудани ҳавлӣ, кӯчаю маҳалла, пешгирии паҳншавии вируси COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ,  ҳолати санитарию гигиении хона, танзими тую маъракаҳо, инчунин аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ дар байни занону ҷавонон суҳбату вохӯриҳо бо усули “Хона ба хона” доир намуд.

Поделиться в