«Тоҷикона мепӯшем...»
Бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои волои суннати ниёгон, ҳифзи урфу одатҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таҳкими заминаи мусоид барои оилаҳои ҷавон, пешгирии амалҳои номатлуб , ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ва ҷилавгирӣ аз бегонапарастӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд ҳамоиш таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем...” баргузор гардид.
Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд таваҷҷӯҳи иштирокчиёни ҳамоишро ба масъалаи тарбияи маънавии инсон, бунёди ҷомеаи солим ва ташвиқу тарғиби ҳаёти солим равона намуда,
зикр дошт, ки донистани таъриху фарҳанг ва риояи он дар муҳити атроф ба фарҳанги миллӣ таъсир расонида, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданият ва завқи зебоипарастии халқро ифода ва муаррифӣ менамояд. Шахс бо намуди зоҳирӣ ва маданияти либоспўшӣ мавқеи худро дар ҷамъият муайян менамояд.
Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ба хурофотпарастӣ роҳ надода, дар руҳияи ҳувияти баланди миллӣ, ҳисси ватанпарастӣ ва зебопарастӣ, расму ойин, фарҳангу маданияти волои миллати тоҷикро муаррифӣ намоем.