Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд озмуни грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2022-ро эълон намуд, ба тавсиб расид, ки он аз 40 грант иборат буда, маблағи умумии он беш аз 165 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ин тадбир дар партави иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 апрели соли 2021, № 167 «Дар бораи таъсис ва ҷудо, намудани грантҳои Раиси вилоят бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эъҷодкор" ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ сурат мегирад.
Бояд зикр намуд, ки 40 гранти Раиси шаҳри Хуҷанд барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, -5 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ; 10 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 ( се ҳазор) сомонӣ мебошад.