Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинари омузишии «Оила ва ҷамъият»

02 апрели 2022, шанбе

   

   Ташаккул ва рушди оила дар тамаддуни инсонӣ ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ василаи муошират, муносибати иҷтимоӣ ва фазоест, ки арзишҳои умумиинсонӣ , аз қабили мухаббат, хамдигарфаҳмӣ, садоқат, хамзистӣ ва тахаммулпазирӣ дар он ташаккул ёфтааст.
Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои банди 3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2021-2030» дар шаҳри Душанбе барои солхои 2021-2025, ки бо қарори Раиси шахри Душанбе аз 26 июли соли 2021, №434 тасдиқ гардидааст, миёни раисони Шўрои кор бо занон ва духтарони донишгоҳу донишкадаҳо, шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо ҷалби донишчўдухтарони фаъолу болаёқати донишгоҳҳои олии пойтахт семинари омузишии «Оила ва ҷамъият»-ро баргузор намуд.
Дар кори семинари омўзиши аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон Сабоҳат Рустам – мудири шуъбаи иттилоот, Доктори илми фалсафа сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовуддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонова М. Т., Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва чашну маросимҳо МИҲД ш.Душанбе Норасов А. А. вабаста ба мавзуъ баромад намуданд.
Мақсад аз баргузории курси мазкур солимгардонии фазои маънавии оилахо, баланд бардоштани тафаккуру андешаи начибу асолати оиласолори, хифзи ифтихор ба тозагиву муқаддасоти оилави ва баланд бардоштани донишхои хуқуқи, сиёси миёни занону духтарони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт мебошад.
Дар охири семинар як катор чавондухтарони фаъол бо Сипосномаи Раёсат қадрдонӣ гардиданд.
 
 
Возможно, это изображение (2 человека, люди стоят и текст)
 
Возможно, это изображение (5 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении)

Поделиться в