Ҷиҳати тақвияти корҳои ободонию кабудизоркунӣ
02 апрели 2022, шанбе
Имрӯз тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оиди табдил додани пойтахти кишвар ба шаҳри гулрез ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, нақшаи кории бахши кор бо занон ва оила, ҷиҳати тақвияти корҳои ободонию кабудизоркунӣ, шинонидани гулу буттаҳо ва вусъати корҳои ободонию хурамгардонии кучаву хиёбонҳо, ҳашари дастаҷамонаи масъулини мақомот ва кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия бо иштироки Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Ҳилолби Ҷумъахон ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар ин замина, Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти даалатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз рафти корҳои ободонӣ, утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои методии як қатор муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия дидан намуданд.