Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

“Ҳамкориҳо миёни марказҳои матбуотӣ бо ВАО”

24 апрели 2020, ҷумъа

Бо мақсади таҳкими устувории расонаҳо ҳангоми пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯҳои рӯзмарра бо ибтикори Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” рӯзҳои 22-23-юми апрели соли равон дар Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон машғулияти омӯзиши дар мавзӯи “Ҳамкориҳо миёни марказҳои матбуотӣ бо ВАО” бо иштироки котибони матбуотии вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳои давлатӣ доир гардида, дар он мавзӯҳои  “Нақши котиби матбуот дар ҳалли масъалаҳои низоъ дар робита бо ҷомеа”, “Арзишҳои хабарӣ”, “Этика дар шабакаҳои иҷтимоӣ”, “Тероризм дар ҷаҳон, ҳизбҳо ва ҳаракатҳо” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Поделиться в