Корҳои фаҳмондадиҳӣ
06 апрели 2022, чоршанбе
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вобаста ба расонидани муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зидди сухтор, худдорӣ кардан аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, корҳои ободонию созандагӣ, истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, кишти картошка сабзавот, ғалладонагиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин кишти такрорӣ, баланд намудани ҳосилнокии зироатҳо ва дар ҳар як оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.