Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгирии зӯроварӣ дар оила

06 апрели 2022, чоршанбе

  

   Тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Хучанд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии "Саодат" бо мақсади амалӣ намуднаи Нақшаи чорабиниҳои "Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023" ва амалисозии Барномаи муштаракаи СММ оид ба ташаббуси "Нури рушноӣ"семинари омӯзишӣ бо иштироки субъектон баҳри ҳалли мушкилоти пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид. Дар чорабинӣ масъулини шуъбаи кор бо занон ва оила иштирок ва баромад намуданд.
Ҳадафи баргузории чунин нишастҳо бо намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ ин пеш аз ҳама, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда, пешгирии зуроварӣ нисбати занон ва кӯдакон, таҳкими муносибатҳои оиладорӣ арзёбӣ мегардад.
 
Возможно, это изображение (3 человека и люди стоят)

Поделиться в