Аксияи " Мо Тоҷикона мепӯшем"
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби либоси миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси зебои миллӣ, атласу адрас ва чакан, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ аксияи “Тоҷикона мепӯшем”-ро бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабир баргузор намуд.