Фарзанди нек...
Шуъбаи кор бо занон ва оила дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд беш аз 5 сол аст, ки ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” моҳе як маротиба маҳфили доимоамалкунандаи “Фарзанди нек – орзую умеди нек” доир менамояд.
Робита бо ин мавзуъ дар асоси нақшаи чорабинии шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр соати тарбиявӣ дар мавзӯи “Тарбия ҳусни инсон аст” баргузор гардид.