Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

МИЗИ МУДАВВАР БО РАИСОНИ ШУРОҲОИ ЗАНОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ!

14 апрели 2022, панҷшанбе

  

 
 Тибқи Нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Сино мизи мудаввар бо Раисони Шӯроҳои занони муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва соҳаи тандурустӣ баргузор гашт.
Сараввал муовини раиси ноҳия Каримова Ашурбӣ оиди фаъолияти шӯроҳои занон, таҳияи нақша чорабиниҳои мушаххас ва пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷавонон ва духтарон баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти шуроҳои занон дар муассисаҳо чораҳои мушаххас андешанд.Вобаста ба ин мудири шубаи кор бо занон ва оила Ҳасанзода Ш оиди таълиму тарбия,ҳамкории раисони Шуроҳо бо шуъба ва пешниҳоди ҳисоботу барномаҳои соҳавӣ ибрози ақида намуд.
Возможно, это изображение (4 человека, люди сидят и люди стоят)
Возможно, это изображение (8 человек и люди стоят)
 
 

Поделиться в