Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Чашмаи Арзана «Дастони моҳир» ифтитоҳ шуд

27 апрели 2020, душанбе

Дар шаҳри Хуҷанд Маркази таълимии ҳунарҳои мардумии «Дастони моҳир» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд зимни ифтитоҳи ин маркази таълимӣ барои духтарон афзуд, ки мақсад аз ташкили маркази таълимии ҳунарҳои мардумии «Дастони моҳир» ин қабл аз ҳама баланд бардоштани ҳунару истеъдоди кӯдакону наврасон ва эҳёи анъанаҳои миллӣ, эҳтиром гузоштан ба суннатҳои халқӣ, ҳамчунин боло бурдани дарки зебоипарастии онҳо мебошад. Роҳбарияти Давлату Ҳукумат ҷиҳати эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушду тавсеи он бо иштироки занону духтарон барномаҳои гуногунро роҳандозӣ менамояд.
Ташаббускори ин иқдом гирандаи гранти Раиси шаҳри Хуҷанд, ғолиби озмуни «Кадбонуи беҳтарин» Назира Қурбонова як макони ноободро мунаввар намуда, барои омӯзиш ва аз худ намудани касбу ҳунар барои духтарон шароит муҳайё сохтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин маркази таълимӣ занону духтарон давоми ду моҳ соҳиби касбу ҳунар ва шаҳодатнома аз ҷониби КВД "Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд" мегарданд.
Минбаъд дар ин марказ омӯзонидани дигар ҳунарҳои миллӣ, аз қабили бофандагию дӯзандагӣ, муҳрабофию кашидадӯзӣ, кешбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва ғайраҳо ба нақша гирифта шуда, онҳо бо идрорпулӣ низ таъмин хоҳанд шуд.
Таъкид гардид, ки доштани ҳунару салиқаи  дузандагӣ барои ҳар як духтар шарт ва зурур аст. Занону духтарон бояд сарфи назар аз касбу корашон ҳунари дӯхтану  бофтан ва пухтанро аз худ намоянд.

Поделиться в