Суҳбату вохӯриҳои судманд
19 апрели 2022, сешанбе
Дар асоси нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шуъбаи кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров силсилавохуриҳои судманд баргузор гардида истодааст.
Чунин вохурӣ, имрӯз дар факултаи "Физика ва техника" дар мавзӯҳои мубрами ҷомеа бо иштироки масъулини Раёсат ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят ва шаҳр, ҳамчунин омӯзгорону донишҷӯён доир гардид.