Мулоқоти судманд
25 апрели 2022, душанбе
Бо мақсади риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ, пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа мулоқоти мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо хонандагон ва волидайни онҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19 баргузор гардид.