Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Идомаи корҳои тарғиботӣ

28 апрели 2020, сешанбе

Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ, тозаю озода намудани ҳавлӣ, кӯчаю хиёбонҳо, самаранок истифода намудани замини наздиҳавлигӣ, инчунин пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ идома дорад.

Идомаи корҳои тарғиботӣ

Баҳри пешгирии бемории коронавирус гурӯҳи кории байниидоравӣ, аз ҷумла, бахши кор бо занон ва оила, КАТС, Дафтари матбуоти "Тоҷикстандарт”-и вилояти Суғд.дар ҷамоатҳои шаҳраки Консой, Чоруқдаррон ва Адрасмон бо фаъолон мулоқоту вохӯрӣ гузарониданд. Дар мулоқот оид ба истифода бурдани маҳлулҳои зиддиэпидемикӣ, ниқобҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист, самаранок истифода бурдани боғҳои наздиҳавлигӣ тавсияҳо дода шуданд.

Идомаи корҳои тарғиботӣ

Аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд мулоқоти муфид бо духтарони синфҳои болоии МТМУ 23 доир ба масоили мубрами ҷомеа, аз ҷумла, масъулияти фарзанд дар парасторӣ ва нигоҳубини падару модар, эҳтироми волидайн, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, одоби муошират бо аҳли оила, пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан пешгирии бемории сироятии COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ, фарҳанги либоспушии миллӣ сурат гирифт.

Поделиться в