Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Корҳои фаҳмондадиҳӣ

28 апрели 2022, панҷшанбе

   

    Дар доираи Нақшаи – чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди муҳтавои паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 ироа гардида инчунин оид ба пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирии тақлиди фарҳангӣ бегона, баланд бардоштани ҳиси ватандӯстӣ ва фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ва дигар масъаллаҳои рӯзмара миёни хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии #26-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва волидайни онҳо вохӯрии судманд ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии болозикр Аминзода Манижабону- мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҳамрози Ҳамза - мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Низоми Суруш - намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маноннов Аминҷон - мудири Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Ҷалилов Аъзам - эмомхатиби маҳаллаи Чашмасор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин дар мулоқоти доир шуда зиёда аз 160 нафар ҷавонон ва падару модарон иштирок намуданд.
 
Возможно, это изображение один или несколько человек, люди сидят, люди стоят и в помещении
 
Возможно, это изображение один или несколько человек, люди сидят, люди стоят и в помещении
 
Возможно, это изображение один или несколько человек, люди стоят и в помещении
 
 

Поделиться в