"Зан ва об"
28 апрели 2022, панҷшанбе
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти омодагии муассир барои баргузории муваффақонаи форуми пешазконфронсии "Зан ва об" дар ҷаҳорчубаи конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал " Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2020" муколамаи фосилавӣ доир намуд.
Дар рафти муколамаи фосилавӣ мавзуи " Тағйирёбии иқлим бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои гендерӣ ва мудирияти захираҳои об дар Осиёи Марказӣ" мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо маърӯза баромад намуд.