Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вусъати корҳои тарғиботӣ

28 апрели 2020, сешанбе

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамарӯза гурӯҳҳои тарғиботии ноҳия якҷоя бо масъулини шуъбаи кор бо занон ва оила, аъзоёни Шурои занон ва дигар фаъолзанони шаҳраку деҳаҳо ба маҳалҳо тақсим шуда, бо аҳолӣ  дар ҳавлиҳои истиқоматӣ мулоқотҳои инфиродӣ баргузор намуда, бо дастрасии варақаҳои иттилоотӣ ва дигар маводҳои аёнӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус, риояи гигиенаи шахсӣ ва беҳдошти ҳолати муҳити зист, безараргардонии манзилҳои истиқоматӣ, истифодаи пурсамари қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ва дигар заминҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва захираи маводи хӯрока барои давраи тирамоҳу зимистон мулоқотҳо доир намуданд.

Поделиться в