Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Истифодаи замини назди ҳавлигӣ

28 апрели 2020, сешанбе

Сокинони шаҳри Хуҷанд дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаби замини наздиҳавлигии тадбирҳои муҳим андешида, аз ҷониби занон дар замини наздиҳавлигӣ сабзавоти тару тоза ва дар замини зери дарахтони мевадор помидор, бодаринг, қаламфур, сабзӣ, картошка, турб, райҳон, шалғам ва ғайраҳоро дар муҳлатҳои муайян ва мавсимӣ кишт намуда, аз ин замин дар як сол ду-се ҳосил ба даст меоранд. Инчунин, гармхонаи кӯчаке бо харҷи ночиз бунёд намуда, дар он кабудиҳо, аз ҷумла пиёзи кабуд, кашниҷу шибит шавилу ҷаъфарӣ, шалғамча ва ғайраҳо кишт намуда, то 3 маротиба ҳосил гирифта, на фақат оилаи худ балки эҳтиёҷоти ҳаммаҳалаашонро таъмин месозанд.

Поделиться в