КУРСИ “ЗАН - САРВАР” ДАР ВМКБ ОҒОЗ ГАРДИД
06 майи 2022, ҷумъа
КУРСИ “ЗАН - САРВАР” ДАР ВМКБ ОҒОЗ ГАРДИД
БО ТАШАББУСИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМКОРӢ БО БУНЁДИ ҲАННС ЗАЙДЕЛИ ОЛМОН КУРСИ ОМӮЗИШИ ДУАЛӢ БАРОИ ТАЙЁР КАРДАНИ ҲАЙАТИ БОНУВОНИ РОҲБАРИКУНАНДА АЗ ҲИСОБИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЗАН - САРВАР” ДАР ШАҲРИ ХОРУҒИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БАРГУЗОР ГАРДИД.
Дар курси мазкур Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ - Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Сомон Исматзода – ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Авзалшоева Муслима Аскаршоевна - сардори шуъбаи Агентии хизмати давлати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ва Имомназар Хоҷаназар Лутфулло сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси ВМКБ иштирок ва суханронӣ намудаанд.
Нахуст, Ректори Академия чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда инчунин, беҳтар намудани шароити кору фаъолияти онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст.
Таъкид гашт, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, дар он занону духтарони то 40-сола, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда мешаванд.
Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, мақомоти қонунгузори кишвар то ба имрӯз як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар барои дар амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” марҳила ба марҳила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.
Тибқи иттилои ҳамоҳангсози курси мазкур Исматуллои Шерхон дар он 25 нафар занону духтарон аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷалб гардидаанд, ки онҳо дар 3 давра таҳсил намуда, ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар мешаванд, инчунин дар анҷоми курс шунавандагон аз рӯи барномаи “Зан - сарвар” соҳиби диплом мегарданд, ки дар оянда ҷиҳати болоравии мансабии онҳо нақши муҳим хоҳад бозид.
Мавриди зикри хос аст, ки курси омӯзиши дуалии “Зан - сарвар” барои хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон аз соли 2020 оғоз гардида, дар ин давра 128 нафар шунаванда аз вилоятҳои ВМКБ, Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷалб гардидаанд.
Ҳадаф аз баргузории курсҳо мусоидат намудан ба азхуднамудани донишҳои зарурӣ оид ба тарзу усулҳои нави идоракунии давлатӣ ва таъмини баробарии гендерӣ мебошад.