Омодагӣ ба 5500-солагии Саразми Бостонӣ
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исматуллозода Ш. аз рафти корҳои омодагӣ ба 5500-солагии Саразми Бостонӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор сафар корӣ анҷом дод.
Зимни сафари корӣ аз оромгоҳи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд, осорхона ва мавзеи оромгоҳ, меҳмонхонаи нав дар даромадгоҳи шаҳри Панҷакент (дорои 40 кат), корҳои сохтмонии бинои нави иловагии беморхонаи марказии шаҳр, бинои нави иловагии таваллудхонаи марказии шаҳр, сохтмони бинои иловагии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ҶСК “Маърифатпарвар”, азнавсозии меҳмонхонаи “Интурист”, меҳмонхонаи назди Раёсати омори шаҳр, ҷараёни корҳои сохтмонии бинои осорхонаи “Саразм”, МТМУ №72-и шаҳраки Саразм, МТМУ дар маҳаллаи аҳолинишини навбунёди деҳаи Бостондеҳи ҷамоати деҳоти Саразм, боздид ба амал оварда шуд.
Ҳамзамон оид ба пешгирии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.