Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Чорабинии идонаи ҷашнӣ

06 майи 2022, ҷумъа

 Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониëн тибқи нақша-чорабиниҳо ва бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши САҲШ дар ноҳия, бахшида ба таҷлили Рӯзи оила ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, муовини раиси ноҳия Дилафрӯз Шукруллозода, мудирони шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, оилаҳои рӯзгордида, оилаҳои ҷавон, ҷавонон ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Сипас, дар маркази ноҳия, бо иштироки тамоми меҳмонон ва масъулин, қисми фарҳангии чорабинии идона доир гардида, ба меҳмонон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти нонии омодагардида пешкаш карда шуд. Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ ба 3 ҷуфт оилаҳои ҷавон шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва ба 25 нафар тифлакони навзод шаҳодатномаҳои таввалуд бо туҳфаҳои хотирмон супорида шуданд. Дар суханронии табрикотии худ Раъно Раҳимзода барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ, миннатдории самимии худро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарияти ноҳия баён намуданд. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн — ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-умро «Соли оила» эълон намуда буданд, баён намуданд Раъно Раҳимзода.

 Возможно, это изображение один или несколько человек, люди сидят, люди стоят и в помещении
Возможно, это изображение 5 человек, люди стоят и в помещении
Возможно, это изображение 8 человек, люди стоят и на открытом воздухе
 
 
 

Поделиться в