Фестивали “САД РАНГИ ЧАКАН”
07 майи 2022, шанбе
Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Фестивал-озмуни “Сад ранги чакан” баргузор гардид, ки дар он беш аз 140 нафар довталабон бо маҳсули эҷоди 12 тарроҳ аз қишрҳои гуногуни ҷомеа аз рӯйи номинаҳои “Намоиши либоси кӯдакона”, “Намоиши либоси рӯзмарра”, “Либоси маросимӣ ва идона” ва “Либосҳои расмӣ”, “Либоси қадимаи чакан” бо ҳам дар рақобат шуданд. Дар номинаи “Намоиши навъҳои гуногуни сўзанидўзӣ” 6 нафар ҳунармандон самараи эҷоду ҳунари хешро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҷоиз ба зикр аст, Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» ҳамасола бо мақсади эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар иртибот ба эътироф гардидани яке аз намунаҳои гулдӯзии қадимаи тоҷикон-чакан ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият баргузор мегардад.
Дар ҷараёни чорабинӣ намоиши ҳунари чакандӯзони чирадаст – ҳунармандони шаҳри Хуҷанд пешкаши иштирокдорони ин маросими фарҳангӣ гардонида шуд. Намоишгоҳ ба ҳунари чакан бахшида шуда, дар он намунаҳои сершумори ин санъати бостонии тоҷикон, аз қабили либосу лавозимоти рӯзгор-курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯшак, ки бо нақшҳои гуногун оро дода шуда буданд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Маҳорати дастони чакандӯзҳо таҷассуми зиндагӣ ва ҷаҳони маънавӣ, ғояҳои инсонпарварона ва миллии тоҷикон буда, аз фарҳанги бои мардумамон шаҳодат медиҳад.
Дар барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Сад ранги чакан» муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар кишвар ҷашнвораҳои бошукӯҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конфронсу симпозиумҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ мегарданд. Баргузории даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» (ҳунари чакандўзӣ) низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандўстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар арзишҳои миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки ҳунари гулдӯзии тоҷикон-чакан аз зумраи онҳо мебошад.
Ҳайати ҳакамот баъди азназаргузаронӣ ғолибонро муайян намуданд. Ҳамин тавр, дар номинаи
“Беҳтарин либоси кӯдакона” ҷойи аввал Темирова Шарифахон, ҷойи дуюм Самадов Абўбакр ва ҷойи сеюмро Норматова Амина ба даст оварданд. Дар бахши “Беҳтарин либоси қадимаи чакан”, мақоми аввалро Шарифбоева Нигина, зинаи дуюмро Темирова Муяссар ва ҷойи сеюмро Бойматова Манижа ишғол намуданд. Дар бахши “Беҳтарин либоси рӯзмарра” Ахмедова Азиза, Ниёзова Матлуба ва Шарифбоева Нигина, дар бахши “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона”Ахмедова Азиза , Абдураҳимова Сурайё, ва Ахмедова Фирўза, дар бахши “Беҳтарин либоси расмӣ” Сатторова Дилрабо,, Ниёзова Матлуба ва Абдусамадова Шаҳноза мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Дар бахши “Беҳтарин навъҳои гуногуни сўзанидўзӣ”ҷойи аввал насиби ҳунарманд Набиева Мавҷуда, ҷойи дуюм ҳунарманд Саидова Мухлиса ва ҷойи сеюм ҳунарманд Хомидова Машҳура гардиданд.
Ғолибон бо диплом ва сипосномаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода сарфароз гардонида шуданд.