Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан

08 майи 2022, якшанбе
Пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан ва собиқадорони ҷангу меҳнат, ки барои фазои солиму зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозиву қаҳрамонӣ ва дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашиданд вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Ба ин хотир Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Чумъахон мураббӣ, устод ва модару роҳбар ва сиёсатмадори варзида Низорамоҳ Зариповаро аёдат намуда, ба хотири ҷашни 77-солагии ғалабаи Иттиҳоди бузургро бар фашизми гитлерӣ, ки саҳми беандозаи муаллима дар ба даст овардани он дар ақибгоҳи сангин назаррас буд, табрику муборакбод намуд.
Зимни аёдат аз қаҳрамониҳои нотакрори диловарони шуҷои тоҷик, ки қатори онҳо ҳамсари муаллимаи гиромӣ Низорамоҳ Зарипова низ иштирок доштанд, сухан рафт.
Гуфта шуд, ки далерию шуҷоати родмардони миллати тоҷик дар ба даст овардани ғалабаи комил, барои наслҳои имрӯзу фардо дарси матонату мардонагӣ, шуҷоату далерӣ ватандустиву ватандорӣ мебошад.
 
 
 
 
 
 
 
 

Поделиться в