Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Фестивал-озмуни “САД РАНГИ ЧАКАН

11 майи 2022, чоршанбе

  

Фестивал-озмуни “САД РАНГИ ЧАКАН” дар ДОНИШКАДАИ ТИББИИ ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН баргузор гардид
Дар толори Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон даври ноҳиявии Фестивал-озмуни “Сад ранги чакан” баргузор гардид, ки дар он беш аз 150 нафар донишҷӯён бо маҳсули эҷоди аз қишрҳои гуногуни ҷомеа аз рӯйи номинаҳои “Намоиши либоси кӯдакона”, “Намоиши либоси рӯзмарра”, “Либоси маросимӣ ва идона” ва “Либосҳои расмӣ”, “Либоси қадимаи чакан” иштироки фаъолона намуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» ҳамасола бо мақсади эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар иртибот ба эътироф гардидани яке аз намунаҳои гулдӯзии қадимаи тоҷикон-чакан ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият баргузор мегардад.
Дар барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Сад ранги чакан» мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД - ноҳия Ҳасанзода Шаҳло иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар кишвар ҷашнвораҳои бошукӯҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конфронсу симпозиумҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ мегарданд. Баргузории даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» (ҳунари чакандўзӣ) низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандўстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Возможно, это изображение 12 человек и люди стоят
 
 
Возможно, это изображение 17 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении
 
Возможно, это изображение 1 человек и в помещении

Поделиться в