Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Тозагӣ – гарави саломатист!

29 апрели 2020, чоршанбе

Дар ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа ва Рушони ВМКБ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бо вусъат идома дошта, бо сокинони ҷамоатҳо дар бораи риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

Дар рафти вохӯриҳо суҳбатҳо оид ба тозаю озода намудани ҳавлӣ, кӯчаю хиёбонҳо, самаранок истифода намудани замини наздиҳавлигӣ, инчунин пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ COVID-19 ва  тавсияҳо барои машғулияти хонандагон дар давраи таътили муваққатӣ дар оила доир гардиданд.

Поделиться в