Вохӯриҳои судманд
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид аз хобгоҳи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода бо иштироки муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдулмаинзода ва намояндагон аз соҳаи Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон оиди иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон",пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ, эҳтиром ба фарҳанги ниёгон, пешгирии исрофкорӣ, тақлидкории ҷавонон ба пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллати мо бегона, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ба гуруҳҳои ифротгаро, бемориҳои сироятӣ ва ҳолати санитарию гигиении хобгоҳҳо вохурии судманд баргузор гардид.