“Нақши институти оила дар рушди босуботи давлатдории миллӣ”
12 майи соли 2022 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши институти оила дар рушди босуботи давлатдории миллӣ” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Дар қисмати пленарии конференсия роҳбарияти Академия, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, намояндаи Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Комилбек Амид Ёрбек ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки оила дар ҳаёти инсон нисбат ба дигар институтҳои иҷтимоӣ волотарин ва арзишмандтарин мақомро дорост. Инсон дар оила ташаккул меёбад, хислат пайдо мекунад, маърифат меандӯзад ва ба одоби муошират молик мешавад. Ҳар қадаре ки оила маърифатбунёд, шарафманд ва масъулиятшинос бошад, ҳамон қадар аъзои он фаъолу накӯкор хоҳанд буд, ҳамон қадар ҷомеа бурд хоҳад кард, ҳамон қадар давлату миллат пуртавону соҳибқудрат хоҳанд шуд.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ зимни суханрониаш иброз дошт, ки оила зуҳуроти иҷтимоию ҳуқуқӣ мебошад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таърифи ҳуқуқии оила дода нашудааст, вале дар истинод ба нуқтаи назари мухталиф таърифи оиларо ба тариқи зайл додан мумкин аст: оила иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқ ва чун қоида якумраи зану шавҳар аст, ки ба муҳаббату эҳтироми тарафайн бо мақсади ташкили оила барои тавлид ва тарбияи фарзандон асос ёфта, бо риояи ҳама шартҳои дар қонун зикршуда ва умумияти маънавӣ ва хоҷагӣ, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳоро байни аъзои оила ба вуҷуд меорад ва дар ҳифзи давлат мебошад. Вазифаҳои асосии оила репродуктивӣ, тарбиявӣ, хоҷагидорӣ (иқтисодӣ), маънавияти ба ҳам созгори аъзои оила ва дастгирии моддӣ мебошад.
Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ дар суханронии худ изҳор намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оилаи мустаҳкам яке аз арконҳои муҳимми давлату ҷамъият мебошад. Барои бо муваффақият аз ӯҳдаи ин талаботҳо баромадан оилаи имрӯзаи ҷамъияти мо ниёзмандӣ ёрию ғамхории муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ дар беҳтар намудани шароити моддию маишии зиндагӣ, тарбияи кӯдакон мебошад. Ҳамзамон, осудагию созишу ризоият, устувории меҳру муҳаббат ҳамчун асоси мустаҳкамии оила – бештар вазифаи худи оила аст. Ба ташкили оила, таъмини осудагию беҳбудии ӯ бояд бо масъулиятшиносии том муносибат кард.
Ҳамзамон, дар идомаи қисмати пленарӣ Файзализода Ҷумахон Хол, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Мақом ва нақши эътиқодҳои ахлоқӣ ва ватандустӣ дар тарбияи оилавию иҷтимоии фарзандон дар осори А. Фирдавсӣ”, Абдуалим Норасов, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавзуи “Нақши зан дар таҳкими оила ва суботи ҷомеа”, Юнусова Нафисахон Муродовна, доктори илмҳои педагогӣ, профессор дар мавзуи “Аҳамияти меҳру муҳаббати модар дар ҳаёти кӯдак” ва Абилзода Гуландом Сардор, мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ дар мавзуи “Нақши институти оила дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ” суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки яке аз марҳилаҳои муҳимми зиндагӣ бунёди оила мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки оила рукни асосии ҷомеа ба шумор рафта, устувории он дар заминаи муҳаббат садоқат, иззату ҳурмат ва сабру тоқат имконпазир аст. Назар кардан бар гузашта қадаме ба ояндаи нек мебошад. Агар дар гузашта ғаму андуҳ ва норасоиҳо бештар буданд, ин мушкилиҳоро оромона таҳлил кардан зарур меояд. Аммо фаромуш набояд, кард, ки танҳо бо ёди гузашта зиндагӣ карда намешавад. Андешаҳои гузашта танҳо барои беҳтар намудани оянда лозим мегардад. Мо бояд сари оилаи муосир андеша намоем.
Дар ҷараёни конференсия аз ҷониби баромадкунандагон ва иштирокдорон пешниҳодҳои судманд ва андешаҳои созанда баён гашт.