Таҷлили Рӯзи Оила
12 майи 2022, панҷшанбе
Ҳар сол санаи 15 май Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта шуда, ин ид дар кишвари мо бо арҷгузорӣ аз оилаҳои хубу намунавӣ ва иштироки васеи сокинон қайд карда мешавад.
Ба ин муносибат дар шаҳрамон чорабинии шаҳрӣ доир гардида, ба он 4-оилаи беҳтарин ҳамчун оилаҳои намунавӣ даъват гардиданд. Инҳо оилаи Умаров Тоҳирҷон ва Умарова Санавбархон бо 65соли ҳамзистӣ, оилаи Қодировҳо бо 40-соли зиндагӣ, оилаи 30-солаи Мардоновҳо ва оилаи навхонадорон Ҷӯраев Амирбек ва Ҷӯраева Гулафзо мебошанд.
Дар ибтидо муовини Раиси шаҳр З.Ғафурзода оилаҳои намунавӣ ва кулли ҳозиринро бо Рӯзи оила табрик гуфта, паёми шодбошии Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзодаро бахшида ба Рӯзи оила ба ҳозирин расонид.
Қайд гардид, ки оилаҳои намунавии даъватшуда воқеан ҳам аз оилаҳои фаъолу пешсафи шаҳрамон буда, бо кору зиндагии шоиста соҳиби обрӯву эътиборанд. Аз ҷумла, оилаи 65-солаи Умаровҳо, оилаи кишоварзон буда, соҳиби 7-фарзанд, набераву абераҳо мебошанд ва бо кори деҳқонию барзгарӣ рӯзгори хушбахтонаву давлати пирӣ доранд.
Оилаи Рустамҷон Қодиров ҳамчун оилаи зиёӣ маъруф буда, давоми 40сол бо ҳам оилаи аҳлу тифоқ доранду соҳиби 3 фарзанд ва набераҳои баркамол ҳастанд.
Мардонов Охунбой ва Мардонова Фаридахон оилаи ҳунармандонанд. Тӯли 30-соли зиндагии якҷоя бо асалпарварӣ, ташкили гармхона, омодасозии хуришҳои зимистона, лимӯпарварӣ, боғпарварӣ шуғл дошта, аз заминҳои наздиҳавлигиашон якчанд маротиба ҳосил мегиранд ва ба муҳоҷират нарафта, тавассути меҳнати аҳлона 4-нафар фарзандонро оиладор ва соҳибмаърифат намудаанд.
Амирбек ва Гулафзо Ҷӯраевҳо оилаи табибони ҷавон буда, ҳарду ҳам дар соҳаи тандурустӣ кор мекунанд.
Дар маҳфил бобати оилаву оиладорӣ ва ҳалли мушкилоти рӯзгор саволу ҷавобҳо бо оилаҳо сурат гирифта, ҳар яке аз лаҳзаҳои хотирмони ҳаёти оилавии худ нақлҳо карданд. Баъдан оилаҳо ҳунари кадбонугии хешро нишон дода, аз маҳсулоти камтарини пешниҳодшуда хуришу хӯроки лазиз омода карданро нишон доданд.
Дар чорабинии идона ба тифлакони навзод дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои таваллуд тақдим карда шуд. Ба оилаҳои беҳтарин бошад, тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.
Аз ҷониби ҳунармандон саҳнаҳои ҷолиб аз ҳаёти оилавӣ, рақсу сурудҳои дилнишин ва барномаи рангин намоиш дода шуда, ин рӯзи идона дар фазои шоду рӯҳияи болида таҷлил гардид.