Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ОИЛА МАСКАНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

13 майи 2022, ҷумъа
 
Таҷлили Рӯзи байналмилалии Оила дар шаҳри Истаравшан
Оила мактаби бузургест, ки тамоми муваффақияту пешравии инсон аз сатҳи таълиму тарбияи ин маскан вобастааст. Оила макони ташаккули шахсият буда, асоси нахустин одатҳо ва беҳтарин фазилатҳо маҳз дар он гузошта мешавад. Аз ин ҷост, ки ба фазои солиму осудаи оила чун яке аз рукнҳои меҳварии рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва ҳамасола санаи 15-уми май дар сар то сари мамлакат Рӯзи байналмиллалии оила мутантан таҷлил карда мешавад.
Дар ин замина санаи 12 майи соли равон дар тарабхонаи «Чаманоро»-и шаҳри Истаравшан бахшида ба Рӯзи байналмилалии Оила ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Истаравшан Фирӯза Муъминзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳр Муртазо Назира, кормандони бахш, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, якқатор мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, оилаҳои намунавӣ аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, оилаҳои собиқадор, оилаҳои касбу кори гуногун ва оилаҳои ҷавон ширкат варзиданд.
Нахуст муовини раиси шаҳри Истаравшан Фирӯза Мӯъминзода кулли сокинон ва ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи фархунда таҳният гуфта, паёми шодбошии раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии оиларо ба самъи аҳли нишаст расонид. Зикр карда шуд, ки оила муҳитест поку муқаддас, нурбахши роҳи зиндагии инсон, асоси пойдории ҷомеа, кошонаи бахту саодати ҳар фард ва ҳам кулли ҷомеа мебошад. Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат дар суханронии хеш қайд намуда буданд: “Оила дар ҳамаи давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад”. Ҳуқуқу вазифаҳои ҳар як оилаи кишвари соҳибихтиёри мо дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи возеҳу равшан баён гардидааст. Ин моро водор месозад, то барои ободиву осоиштагии муҳит ва оилаи худ камари ҳиммат бубандем.
Сипас, дар фазои идона тантанаи ақди никоҳи як ҷуфт навхонадорон ва сабти давлатии таваллуди кӯдакон, ки дар арафаи Рӯзи байналмилалии Оила таваллуд шуданд, сурат гирифта, муовини раиси шаҳр ва мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳр ба навхонадорон шаҳодатномаҳои ақди никоҳ, ба як қатор волидайни кӯдакон шаҳодатномаҳои таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Ҳамзамон оилаҳои намунавии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Истаравшан низ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати дуюми ҷамъомади идона баҳри болидахотирии иштирокдорон аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
 
Возможно, это изображение 1 человек, сидит, стоит, платок и в помещении
 
Возможно, это изображение 4 человека, люди сидят, люди стоят и в помещении
Возможно, это изображение 7 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении

Поделиться в