Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Оила асоси пешрафт ва устувории давлат

13 майи 2022, ҷумъа
13-уми май дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабини идона бахшида ба “Рӯзи байналмилалии оила” зери унвони “Оила асоси пешрафт ва устувории давлат” ва ҳамзамон, фестивали “Сад ранги чакан” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Кӯлоб - Ҳамидиён Орзу, сардори раёсати САҲШ-и вилояти Хатлон – Сафарзода Зиннатгул ва мудири бахши САҲШ-и шаҳри Кӯлоб – Саймуминзода Марям ва дигар нафарони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ ҳозирин изҳор доштанд, ки оилаи солим барои дилхоҳ давлат муҳим мебошад. Зеро бо устувор будани оилаҳо пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам гардида, дар он шахсони донишманду бофарҳанг ба воя мерасанд.
Таҷрибаи инсоният нишон медиҳад, ҷомеае, ки дар он институти оила мустаҳкам нест, ба нокомӣ ва мушкилоти зиёди иҷтимоӣ печида, дар ниҳоят хавфи аз байн рафтан низ ба он таҳдид мекунад. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба устувории оила ва дар ин замина, ба бунёди ҷомеаи солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Баъд аз суханони табриктии ҳозирин, аз ҷониби бахши САҲШ-и шаҳри Кӯлоб ба ду оилаи навбунёд дар ваъзъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва ҳамчунин, дар ин вазъият ба кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуд.
Ҳамзамон дар ин ҷо оилаҳои намунавӣ низ аз номи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирвӣ қадрдонӣ гардиданд.
Пас аз тақдими тӯҳфаҳо аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳи ҳунарии “Ғарибшо” бахшида ба Рӯзи оила барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
 
Возможно, это изображение 3 человека и люди стоят
 
 
Возможно, это изображение 3 человека, люди сидят, люди стоят и в помещении
 
Возможно, это изображение 6 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении
 

Поделиться в