Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

ОИЛА- РУКНИ АСОСИИ ҶОМЕА

13 майи 2022, ҷумъа

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии бошукуҳ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар оғоз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ оилаҳои собиқадор ва намунавии ноҳияи Исмоили Сомониро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила табрик намуда, тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомониро супориданд. Инчунин ба 3 тифли навзод шаҳодатномаҳои таваллуд супорида шуд. Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Дар ин радиф ҳар як фарди ҷомеаро месазад, ки дар пойдории оилаҳо саҳмгузор буда баҳри пешрафти давлату миллат мусоидат намоянд.

 

Возможно, это изображение 3 человека, люди стоят, воздушный шарик и в помещении

Возможно, это изображение 4 человека, люди сидят и люди стоят

 

 

Поделиться в