Чорабинии фарҳангии "Ошёни меҳр"
14 майи 2022, шанбе
Ба ифтихори бузургдошти Рўзи Оила Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода чорабинии идонаи фархангиро таҳти унвони "Ошёни меҳр" доир намуд.
Чорабинии идона аз намоиши ҳунархои дастии занону бонувони шаҳри Турсунзода оғоз гардида, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Кумита Ғаффорзода Нигорахон ва раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ба тифлакони навзод шаҳодатномаи таваллуд ва ба оилахои ҷавону намунавӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд.
Барномаи фарҳангии ҳунармандони шаҳри Турсунзода анҷомбахши мантиқии чорабинӣ гардид.